
ТАЛБАКЗОДА ДИЛШОД САИД
Рутбаи дараҷавӣ: мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3
Соли таваллуд: 18.07.1974
Ҷои таваллуд: шаҳри Душанбе
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Ихтисос: ҳуқуқшинос
Бо мукофоти давлатии “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2019 сарфароз гардонида шудааст
Донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ (бо луғат)
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 4 фарзанд
Соли 1996 факултети ҳуқушиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст;
Аз моҳи августи соли 1996 – Коромӯз дар вазифаи ёрдамчӣ, баъдан ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Фрунзе (ҳоло ноҳияи Сино) шаҳри Душанбе;
Аз моҳи сентябри соли 1999 – Прокурори Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералӣ;
Аз моҳи январи соли 2003– Прокурори калони Раёсати ташкили кор ва назорати иҷрои Прокуратураи генералӣ;
Аз моҳи августи соли 2004 – Прокурори калони Раёсати мубориза бар зиддӣ коррупсияи Прокуратураи генералӣ;
Аз моҳи майи соли 2005 – Сардори шуъбаи мубориза бар зиддӣ коррупсияи прокуратураи шаҳри Душнабе;
Аз моҳи декабри соли 2006 – Прокурори калони шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории андоз ва гумруки прокуратураи шаҳри Душанбе;
Аз моҳи июли соли 2007 – Прокурори калони Раёсати назорати иҷрои қонунгузории андоз ва гумруки Прокуратураи генарлӣ;
Аз моҳи августи соли 2010 – Муовни сардори Раёсати назорати иҷрои қонунгузории андоз ва гумруки Прокуратураи генералӣ;
Аз моҳи декабри соли 2012 – Прокурори ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд;
Аз моҳи апрели соли 2018 – Прокурори калони Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералӣ ;
Аз моҳи феврали соли 2019 – Муовини сардори Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералӣ;
Аз моҳи марти соли 2020 – Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз моҳи июли соли 2024 то ҳол – Муовни прокурори шаҳри Душанбе.