
ПУЛОДӢ УМЕД ТЕМУР
Рутбаи дараҷавӣ: мушовири адлияи дараҷаи 1
Соли таваллуд: 22.01.1974
Ҷои таваллуд: ноҳияи Ашти вилояти Суғд
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Ихтисос: ҳуқуқшинос
Бо мукофоти давлатии “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудааст
Донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 4 фарзанд
Соли 1996 факултети ҳуқушиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст;
Аз моҳи сентябри соли 1996 – Коромӯз дар вазифаи муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Фрунзеи (ҳоло Сино) шаҳри Душанбе;
Аз соли 1997 – Ёрдамчии прокурори ноҳияи Фрунзеи (ҳоло Сино) шаҳри Душанбе;
Аз соли 1998 – Муфаттиши шуъбаи тафтишотии прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;
Аз соли 2002 – Муфаттиши шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи шаҳри Душанбе;
Аз соли 2006 – Прокурори шуъбаи назоратии иҷрои қонунҳо дар ВДПД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе;
Аз соли 2007 – Муфаттиши калони шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи шаҳри Душанбе;
Аз соли 2009 – Муфаттиш, муфаттиши калони шуъбаи тафтиши ҷиноятҳои муқобили шахсияти Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз моҳи ноябри соли 2015 – Прокурори ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон;
Аз моҳи январи соли 2020 – Муовини прокурори вилояти Суғд;
Аз моҳи январи соли 2025 то ҳол – Муовини прокурори шаҳри Душанбе.