
АБДУРАҲМОНЗОДА МИЗРОБШОҲ САФАРАЛӢ
Рутбаи дараҷавӣ: мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3
Соли таваллуд: 05.11.1976
Ҷои таваллуд: ноҳияи Фархори вилояти Хатлон
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Ихтисос: ҳуқуқшинос
Донандаи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 6 фарзанд
Соли 1998 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст;
Аз моҳи сентябри соли 1999 – коромӯз дар вазифаи ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Фрунзеи (ҳоло ноҳияи Сино) шаҳри Душанбе;
Аз моҳи июли соли 2000 – ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Фрунзеи (ҳоло ноҳияи Сино) шаҳри Душанбе;
Аз моҳи январи соли 2003 – Муфаттиши калони ноҳияи Роҳи Оҳани (ҳоло Шоҳмансур) шаҳри Душанбе;
Аз моҳи августи соли 2005 – Сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз моҳи марти соли 2010 – Сардори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Суғд;
Аз моҳи октябри соли 2011 – Прокурори ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд;
Аз моҳи марти соли 2016 – Сардори Раёсати ташкили кор ва назорати иҷрои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз моҳи июни соли 2017 – Сардори Раёсати кадрҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз моҳи феврали соли 2019 – Сардори Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз моҳи феврали соли 2020 – Прокурори ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд;
Аз моҳи январи соли 2024 то ҳол – Прокурори шаҳри Душанбе.