28 августи соли 2025 бо иштироки аъзоёни ҳайати мушовараи прокуратураи шаҳри Душанбе, кормандони дастгоҳи прокуратураи шаҳр, ноҳияҳои он ва даъвати масъулини Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраëсати маориф, Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва муассисаҳои таълимии томактабии ҳудуди шаҳри Душанбе маҷлиси ҳайати мушовараи прокуратураи шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар кори он натиҷаи санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ”, “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, хусусан муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусии шаҳри Душанбе бо назардошти риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” дар давраи соли 2024 ва 6 моҳи соли 2025, мавриди таҳлил ва ҷамъбаст қарор дода шуд.
Прокурори шаҳри Душанбе мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Абдураҳмонзода М.С., оиди ҷой доштани қонунвайронкуниҳо дар фаъолияти шахсони мутасаддӣ ва мураббиёни муассисаҳои томактабии ҳудуди шаҳр изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар фаъолияти муассисаҳои зикргардида чораҳои таъхирнопазир андешида, баҳри риоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакони синни томактабӣ пайваста корбарӣ намоянд.





