Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе баргузор гардид

2 сентябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи бинои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар кори он аъзоҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе ва дигар масъулини дахлдор иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе ҳолати риоя ва иҷрои талаботҳои КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати ошкор ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии нокушодаи солҳои пешин, бахусус кушторҳои ошкорнашуда, бо додани диққати асосӣ ба кушодашавӣ ва фаъолияти самараноки гурӯҳҳои тафтишотию фаврии доимоамалкунанда дар давраи соли 2024 ва 6 моҳи соли 2025, мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.
Қайд гардид, ки маќомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришњои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ дар ҳудуди пойтахт пайваста чораҳои зарурӣ меандешанд.
Дар ҷаласа иброз карда шуд, ки дар асоси муқаррароти моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Аз ин рӯ, қайд гардид, ки таъмини кафолати давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар сатҳи қонуни асосии кишвар маҳз аз маҳорати корбарӣ ва ташкили фаъолияти дурусту самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастагии калон дорад.
Дар ин асно, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки аз тарафи онҳо баҳри ошкор ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии нокушодаи солҳои пешин, бахусус кушторҳои ошкорнашуда чораҳои иловагии таъхирнопазир андешида шаванд.
Дар охири ҷаласа бо қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе масъулин вазифадор гардиданд, ки минбаъд фаъолиятро ҷиҳати пешгирӣ, ошкор ва бартарафкунии қонунвайронкуниҳо дар самти зикргардида ҷоннок намуда, баҳри роҳ надодан ба камбудиҳо дар ин ҷода чораҳои зарурӣ андешанд.