Санаи 5 сентябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Прокуратураи шаҳри Душанбе бахшида ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардида, дар кори он роҳбарият ва кормандони прокуратураи шаҳри Душанбе иштирок намуда, вобаста ба арзишҳои истиқлоли давлатӣ ва ҳифзу гиромидошти он суханронӣ намуданд.
Роҳбарияти прокуратураи шаҳр иброз намуданд, ки ин рӯзи муборак, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хати заррин сабт шудааст, барои мардуми тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад.
Дар чорабинӣ қайд карда шуд, ки ҳар як фарди бо нангу ори кишварамонро зарур аст, ки барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ, неъмати муқаддастарину азизтарини ҳаётамон ҳамеша омода буда, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳким бахшида, баҳри ҳифзу гиромидошти арзишҳои истиқлоли давлатӣ пайваста чораандешӣ намоянд.
Дар анҷоми чорабинӣ аз тарафи роҳбарияти мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе бо назардошти иҷрои намунавии вазифаҳои хизматӣ, меҳнати софдилонаю бенуқсон ва ба даст овардани муваффақиятҳои корӣ дар пурзӯр намудани қонуният ва таъмини волоияти қонун бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ як қатор кормандон бо фармонҳои прокурори шаҳри Душанбе ҳавасманд гардонида шудаанд.


