Санаи 23 сентябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи шаҳри Душанбе ҷиҳати иштироки ёрдамчии прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Маҷидзода Х. Ҳ. дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Ҷаҳон оид ба Самбо, инчунин сазовор гардидан ба ҷойи сеюм ва ба даст овардани медали биринҷӣ, ки аз 10 то 21 сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, чорабинӣ доир гардид.
Роҳбарияти прокуратура дар чорабинӣ ғолибияти Маҷидзода X. Ҳ.-ро муборакбод намуда, вобаста ба оммагардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим суханронӣ намуда, иброз намуданд, ки ғолибияти Маҷидзода Х. Ҳ. натанҳо ифтихори прокуратураи шаҳр, балки ифтихори шаҳрвандони кишварамон баҳисоб меравад.
Дар анҷоми чорабинӣ аз тарафи прокурори шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода М. С. ба ёрдамчии прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Маҷидзода Х.Ҳ. дар ҷодаи варзиш дастоварду муваффақиятҳои нав таманно гардида, дар охир туҳфаи қимматнок тақдим карда шуд.
Қадрдонии ёрдамчии прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Маҷидзода Хуршед Ҳотам ҷиҳати сазовор гардидан ба ҷойи сеюм ва ба даст овардани медали биринҷӣ дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Ҷаҳон оид ба Самбо
