Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди сарнавиштсоз маҳсуб меёбад. Он дар марҳалаи ниҳоят ҳассоси ташаккули давлати соҳибистиқлол сурат гирифт — замоне ки ҷомеа пас аз пошхӯрии низоми Шуравӣ ва оғози муноқишаи шаҳрвандӣ ба меъёри устувори ҳуқуқӣ, ба санади ягонаи танзимкунандаи муносибатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ шадидан ниёз дошт.
Дар ибтидои солҳои 1990-ум Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навистиқлол дар шароити номуайянии сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор дошт. Низоми ҳуқуқие, ки то он замон амал мекард, ба сохтори нави давлатӣ мутобиқ набуд. Маҳз дар чунин замина ташаккули қонуни асосии давлат вазифаи таърихӣ гардид. Дар натиҷаи фаъолияти ҳайати махсуси Комиссияи конститутсионӣ, ки бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, бо иштироки олимон, ҳуқуқшиносон, сиёсатмадорон ва намояндагони ҷомеа таҳия гардид, матни Конститутсия ба муҳокимаи умумимиллӣ гузошта шуд. Қабули он дар раъйпурсии умумихалқии 6 ноябри соли 1994 ифодаи олии иродаи халқ гардид — халқе, ки мехост давлате бунёд кунад, ки ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи инсон дар он муқаддас бошанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин конститутсияҳои давлати пасошӯравист, ки меъёри асосии давлати иҷтимоӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро муқаррар кард. Ин матни меъёрӣ на танҳо сохтори ҳокимияти давлатиро танзим намуд, балки пояҳои нави давлатдории миллӣ — соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ, соҳибии халқ бар сарзамин ва захираҳои табиӣ, баробарии шаҳрвандон ва кафолати ҳифзи ҳуқуқи онҳоро эълон намуд.
Дар моддаҳои аввалини Конститутсия мафҳуми “ҳокимияти халқ” ҳамчун манбаи ягонаи давлатдорӣ сабт гардид. Барои нахустин бор дар таърихи давлатдории тоҷикон тақсимоти ҳокимият ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ ба таври возеҳ муқаррар карда шуд. Ин меъёр, ки ба принсипи умумибашарии назорати мутақобилаи шохаҳои ҳокимият асос меёбад, роҳи рушди низоми демократии давлатро муайян намуд.
Қонуни асосӣ на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки барномаи стратегӣ барои рушди минбаъдаи давлат гардид. Он самтҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиро низ дар бар гирифт, аз ҷумла меъёрҳо вобаста ба шакли моликият, озодии соҳибкорӣ, ҳифзи муҳити зист, дастрасӣ ба таҳсил ва табобат, кафолати ҳифзи оила ва кӯдак муайян гардиданд. Бо ин роҳ Конститутсия роҳи гузариши тадриҷӣ аз иқтисоди нақшавӣ ба иқтисоди бозорӣ ва аз низоми маъмурӣ ба низоми ҳуқуқбунёдро муайян намуд.
Маҳз дар асоси Конститутсия, марҳила ба марҳила тамоми қонунгузории соҳавӣ таҳия ва такмил дода шуд. Қабули кодексҳои ҷиноятӣ, мурофиавӣ, маданӣ, меҳнатӣ ва замин идомаи мантиқии Конститутсия буд, ки заминаи таҳкими давлатдории ҳуқуқиро гузошт.
Бо ташаббус ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсия ба санади зинда ва амалкунанда табдил ёфт. Зери роҳбарии ӯ меъёрҳои он бо ислоҳоти конститутсионии солҳои 1999, 2003, 2016 ва дигар тағйирот пурра ба талаботи замони нав мутобиқ гардонида шуданд. Ҳар як тағйирот на танҳо эҳтиёҷоти сиёсиву иқтисодиро инъикос кард, балки принсипи асосии Конститутсия устувории давлат, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро таҳким бахшид.
Дар ин раванд, нақши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ муҳим аст. Ӯ татбиқи меъёрҳои конститутсиониро дар сатҳи амалӣ — дар сиёсати иҷтимоиву шаҳрсозӣ, беҳбуди муҳити зист, рушду ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба низоми муассири идоракунӣ табдил дод. Душанбе имрӯз намунаи татбиқи меъёрҳои Конститутсия дар сатҳи пойтахт мебошад. Пойтахте, ки дар он ҳуқуқи шаҳрванд, муҳити тоза, дастрасӣ ба хизматрасонӣ ва адолати иҷтимоӣ ба воқеият табдил ёфтааст.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ мақомоти прокуратура ҳамчун ниҳоди назоратӣ ба риояи қонунҳо, посдори асосҳои конститутсионӣ қарор гирифт. Назорати иҷрои дақиқи қонунҳо, ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, пешгирии зӯроварӣ, коррупсия, поймолсозии ҳуқуқи моликият ҳамаи ин самтҳо бевосита ба иҷрои рисолати конститутсионии прокуратура иртибот доранд.
Имрӯз Прокуратураи шаҳри Душанбе дар таҳкими қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ, назорати иҷрои меъёрҳои қонунгузории меҳнат, маориф, тандурустӣ ва амнияти иҷтимоӣ нақши муайян мебозад. Таҳлил ва мониторинги пайвастаи вазъи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноятҳо ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ин ҳамон амалияест, ки меъёрҳои Конститутсияро ба ҳаёти воқеӣ табдил медиҳад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки ифодаи шуури миллии тоҷикон аст. Он роҳи давлатдории моро барои наслҳои оянда муайян намуда, ба қонун, ваҳдат, адолат ва масъулият такя мекунад.
Имрӯз, дар арафаи 31-солагии Конститутсия, мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки Конститутсия ба барномаи рушди миллӣ табдил ёфтааст, ки бо раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ принсипҳои қонуният ва адолат дар саросари кишвар татбиқ мегарданд.
Абдураҳмонзода Мизробшоҳ Сафаралӣ,
прокурори шаҳри Душанбе