Санаи 5 ноябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи шаҳри Душанбе бахшида ба ифтихори 31 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардида, дар кори он роҳбарият ва кормандони прокуратураи шаҳри Душанбе иштирок намуда, вобаста ба қонуни асосиву сарнавиштсози давлат ва ҳифзу гиромидошти он суханронӣ намуданд.
Роҳбарияти прокуратураи шаҳр иброз намуданд, ки ҳамасола 6 ноябрро мардуми шарифи мо бо ифтихору сарфарозӣ дар як фазои пуршукӯҳ ва тантанавӣ ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил намуда, ин санаи таърихиро аз ҷумлаи дастовардҳои бисёр арзишманди даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон арзёбӣ менамоянд.
Дар чорабинӣ қайд карда шуд, ки Конститутсия на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки барномаи стратегӣ барои рушди минбаъдаи давлат гардида, он самтҳои муҳими сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро дар бар гирифт, аз ҷумла меъёрҳо вобаста ба шакли моликият, озодии соҳибкорӣ, ҳифзи муҳити зист, дастрасӣ ба таҳсил ва табобат, кафолати ҳифзи оила ва кӯдакро муайян намуд.


