16 ноябр дар таърихи давлатдории навини тоҷикон, бо баргузории Иҷлосияи 16 — уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маросими савгандёдкунии Сарвари давлат дар асоси Конститутсияи Тоҷикистон санаи таърихиву сарнавиштсоз маҳсуб меёбад.
Зеро, 16 ноябри соли 1992 ба мансаби Раиси Шӯрои Олӣ — Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, заминаҳои хомӯш гардидани ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ, талош барои ваҳдату ягонагӣ, ҳифзи якпорчагии кишвар ва устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ, асоси принсипҳои демокративу ҳуқуқбунёдиро гузошта, маҳз дар натиҷаи он Конститутсия бо интихоби шакли Ҷумҳурии президентӣ қабул ва дар асоси он 16 ноябри соли 1994 маросими ба ҳайси Президенти мамлакат ба фаъолият шурӯъ кардани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваста буд.
Аз ин ҷост, ки ҳамасола мардуми сарбаланду шукргузори тоҷик ба баргузории Иҷлосияи 16 — уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун падидаи сарнавиштсозу таърихӣ арҷгузорӣ намуда, ин рузро ҳамчун марҳилаи нави давлатдорӣ — яъне Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамоянд.
Ба ибораи дигар таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадорӣ дар давраи давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагӣ дар сарзамин, рушди босуботи мамлакат ва болоравии обрўву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалист, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ аз салоҳиятнокӣ, фаъолияти босамар ва соҳибхирадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.
Махсус қайд кардан зарур аст, ки тамоми муваффақият ва музаффариятҳои Тоҷикистон дар даврони баъди баргузории Иҷлосияи 16 — уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандӣ дошта, бо ибтикор ва талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат давлатдории миллии мо аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт.
Маҳз ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардиданд, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз гардида, ваҳдати сартосарии он таъмин гашта, рушду инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ босуръат таъмин карда шаванд.
Аз ин ҷост, ки номи Тоҷикистони навин бо номи мубораки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дошта, мо аз ин ду арзиши муқаддас — Ватан ва Пешвои миллат, ифтихор ва шукргузорӣ менамоем.
Ҳоло бо ифтихор метавон иброз дошт, ки мо таҳти роҳбарӣ ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳалаи эҳё ва барқарории давлатдории миллиро сипарӣ намуда, ба марҳалаи рушди устувори давлатдорӣ қадам ниҳодем, ки он марҳалаи нави давлатдорӣ бо маҷмӯи вазифаҳо ва ҳадафҳои стратегии хусусиятҳои рушдовар мебошад.
Дарки ин нуқта имконият медиҳад, ки аҳамияти роҳи тайшуда, муҳимияти дастовардҳои бунёдии ҳосилшуда ва ҳассосияти марҳиалаи таърихии фарорасида барои наслҳои имрӯзу фардо дуруст арзёбӣ гарданд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:
“Ҳадафҳои олии давлатдории мо маҳз расидан ба эҳёи миллӣ, эҷоди мардумсолорӣ ва таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон аст”.
Вобаста ба ин, дар татбиқи ин раванд ҳамчун унсури меҳварии худшиносӣ ва тафаккури миллӣ таҳқиқ ва тарғиби ҳамаҷонибаи нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорӣ ва рушди босуботи мамлакат тақозои вақт буда, дар робита ба он дар шуури наслҳои имрӯзу оянда тарбия намудани ғояҳои сулҳпарвариву ваҳдатпарастии Пешвои маҳбуби миллат, тавассути барномаҳои фарогири давлатӣ саривақтӣ мебошанд.
Дар фарҷом бо камоли эҳтирому самимият ҳамаи Шуморо ҳамкасбони арҷманд бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику шодбош гуфта, орзумандам Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар фазои ваҳдати ҷовидонааш таҳти роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат дар фатҳи қуллаҳои нави рушд, чун ҳамешагӣ қадамҳои устувори бебозгашт дошта бошад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамкасбони азиз!