Санаи 14 ноябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият ва кормандони прокуратураи шаҳр бахшида ба ифтихори “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ қайд карда шуд, ки ҳамасола мардуми сарбаланду шукргузори тоҷик ба баргузории Иҷлосияи 16 — уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун падидаи сарнавиштсозу таърихӣ арҷгузорӣ намуда, ин рузро ҳамчун марҳилаи нави давлатдорӣ — яъне Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамоянд.
Роҳбарияти прокуратураи шаҳр иброз намуданд, ки тамоми муваффақият ва музаффариятҳои Тоҷикистон дар даврони баъди баргузории Иҷлосияи 16 — уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандӣ дошта, бо ибтикор ва талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат давлатдории миллии мо аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт.
Маҳз ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардиданд, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз гардида, ваҳдати сартосарии он таъмин гашта, рушду инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бо суръат таъмин карда шаванд.
Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбарияти прокуратураи шаҳр ҳозиринро ба муносибати “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар қаламрави кишварамон бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад табрику муборакбод намуданд.

