Дар кори ҷаласа аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе дар самти таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соли 2025 мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуданд.
Таъкид гардид, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар асоси Низомнома дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2025 тасдиқ гардидааст, амалӣ менамояд.
Дар ҷараёни ҷаласа зикр шуд, ки дар соли 2025 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо чораҳои мушаххас андешидаанд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чорабиниҳои таблиғотӣ баргузор гардидааст.
Таҳлили натиҷаи фаъолияти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр нишон дод, ки вазъи воқеии қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ беҳтар гардида, шумораи умумии ҷиноятҳо назар ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст.
Дар ҷаласа ба масъалаи риояи қонунгузории энергетика, истифодаи самараноки нерӯи барқ, пешгирии ҳолатҳои дуздӣ, барқарор намудани маблағҳои қарзи истифодаи он, таҳлили вазъи ҷинояткорӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, муқовимат ба коррупсия, ҷинояткорӣ байни ноболиғон, риояи қонунгузорӣ дар бораи танзими ҷашну маросим ва меъморию шаҳрсозӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки соли 2026 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар мубориза бо таҳдидҳои муосир, рушди шаклҳои нави ҷинояткорӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ боз ҳам тақвият медиҳанд.
Иброз гардид, ки танҳо тавассути ҳамкории зичи байниидоравӣ, таҳкими интизоми хизматӣ ва масъулиятшиносӣ метавон волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти шаҳрвандонро таъмин намуд.
Ҳамаи иштирокчиёни Шурои ҳамоҳангсозӣ итминони комил иброз намуданд, ки бо дарки масъулиятшиносӣ, иродаи қавӣ ва ҳамкории зарурӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе дар соли 2026 низ вазифаҳои аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузошташударо бо сарбаландӣ иҷро намуда, дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти ҷомеа саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ


