26 декабри соли 2025 дар прокуратураи шаҳри Душанбе маҷлиси ҳайати мушовараи прокуратураи шаҳри Душанбе баргузор гардид.

26 декабрисоли 2025 дар прокуратураи шаҳри Душанбе маҷлиси ҳайати мушовараи прокуратураи шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар кори он натиҷаи таҳлил ва ҷамъбасти фаъолияти мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе дар соли 2025 ва муайян кардани вазифаҳои минбаъдаи мақомот дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе фаъолияти худро ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустам Эмомалӣ ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники адлия, муҳтарам Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло равона намуда, баҳри таъмини назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ корҳои муайянро ба анҷом расонидааст. Дар охир бо қарори маҷлиси ҳайати мушовара масъулин вазифадор гардиданд, ки минбаъд низ фаъолиятро ҷиҳати пешгирӣ, ошкор ва бартарафкунии қонунвайронкуниҳо ҷоннок намуда, баҳритаъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар пойтахти кишварамон пайваста чораандешӣ намоянд.