Гузаронидани чорабиниҳои таблиғотӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мегардад”

6 феврали соли 2026 дар доираи нақшаи чорабиниҳои Прокуратураи шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба “Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад” бо иштироки муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур З.Зуҳурзода, ёрдамчии калони прокурори шаҳри Душанбе Б.Сафарбекзода, мудири шуъбаи маориф А.Бобозода, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо падару модарон ва хонандагони МТМУ №35 вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки бо Қатъномаи Маҷмааии умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти №77/243 аз 20 декабри соли 2022-12 феврал ҳамчун “Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад” эълон карда шудааст. Бо ин мақсад, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи СММ бахшида ба ин сана чорабиниҳои мухталифро доир менамояд. Аз ҷумла, аз ҷониби мақомоти прокуратура дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби ҷавонону фаъолон корҳои фаҳмондадиҳиву таблиғотӣ ва чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ гузаронида мешавад. Баргузории вохӯрии мазкур далели гуфтаҳои болост. Дар идома зикр гардид, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои меҳвариро дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаро мегирад.Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус иброз намуданд, ки: “Пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда,барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд”. Дар воқеъ, солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби наврасону ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Баромадкунандагон зикр намуданд, ки таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷомеа аз ҳар як шаҳрванд, бахусус ҷавонон, масъулияти баланд талаб мекунад. Танҳо тавассути маърифат, донишандӯзӣ, эҳтиром ба қонун ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ метавон ҷомеаро аз хатарҳои экстремизм ва терроризм эмин нигоҳ дошт. Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён саволу пешниҳодҳои худро ироа намуда, ба суолҳои худ посухҳои муфассал гирифтанд. Вохӯрӣ дар рӯҳияи созанда ва маърифатӣ баргузор гардида, ҳамчун қадами муҳим дар роҳи баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа, бахусус ҷавонон, арзёбӣ шуд.