Ифротгароии хушунатомез дар марҳилаи кунунии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба яке аз таҳдидҳои фарогири амнияти миллӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин падида на танҳо амали ҷиноятӣ, балки зуҳуроти мураккаби идеологӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки ба пояҳои давлатдории ҳуқуқбунёд, принсипи волоияти қонун ва кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсири манфӣ мерасонад. Ифротгароӣ дар шакли муосири худ аз доираи марзҳои ҷуғрофӣ берун рафта, ба як низоми шабакавии фаромиллӣ мубаддал гардидааст, ки аз имкониятҳои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ фаъолона истифода мебарад. Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тавонистанд бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ, платформаҳои рақамӣ ва васоити муосири таъсиррасонии равонӣ раванди радикализатсияро суръат бахшанд ва онро ба сатҳи глобалӣ бароранд.
Хусусияти муҳими марҳилаи муосир дар он аст, ки ҷалби шахс ба мафкураи ифротӣ аксаран бе тамоси мустақим ва дар муҳити маҷозӣ сурат мегирад. Механизмҳои таъсиррасонӣ бар пояи истифодаи эҳсосот, таҳрики норозигии иҷтимоӣ ва манипулятсияи арзишҳои динӣ ва фарҳангӣ амалӣ мегарданд. Ин ҳолат зарурати таҳкими саводи рақамӣ, қобилияти таҳлили интиқодӣ ва муқовимат ба иттилооти бардурӯғро ба миён мегузорад. Зеро дар шароити фаровонии иттилоотӣ ҳар як шаҳрванди ҷавон метавонад ба объекти таъсири идеологияҳои харобиовар табдил ёбад, агар дар ӯ масунияти маърифатӣ ташаккул наёфта бошад.
Бо вуҷуди ин, бояд бо қатъият таъкид кард, ки ҳеҷ як омил — хоҳ иҷтимоӣ, хоҳ иқтисодӣ ё сиёсӣ — наметавонад асоси сафед намудани зӯроварӣ ва терроризм гардад. Ифротгароии хушунатомез ҳамеша берун аз доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ қарор дорад. Дар айни замон, таҳлили илмӣ нишон медиҳад, ки чунин падида дар муҳити холӣ ба вуҷуд намеояд. Нобаробарии иҷтимоӣ, эҳсоси канорагирӣ аз равандҳои ҷамъиятӣ, паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, заъфи тафаккури мустақил ва истифодаи эҳсосоти мазҳабӣ метавонанд ҳамчун омилҳои мусоидаткунанда баромад намоянд. Аз ин рӯ, сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба ифротгароӣ бояд хусусияти комплексӣ дошта бошад ва на танҳо ба чораҳои ҷавобии қудратӣ, балки ба пешгирии саривақтӣ ва бартарафсозии омилҳои тавлидкунандаи радикализатсия такя намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пас аз давраи мураккаби таърихӣ ба таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ноил гардидааст, масъалаи ҳифзи суботи конститутсионӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандонро ҳамчун афзалияти стратегии сиёсати давлатӣ муайян кардааст. Таҷрибаи таърихии мо собит намудааст, ки костагии ҳушёрии ҷамъиятӣ метавонад ба паёмадҳои сангин оварда расонад. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳ ва субот танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, балки масъулияти умумимиллӣ мебошад. Принсипи волоияти қонун бояд ҳамчун пояи асосии сиёсати зиддиифротӣ хизмат намояд, зеро маҳз адолати судӣ, шаффофият ва риояи қонуният эътимоди шаҳрвандонро ба давлат таҳким мебахшанд ва заминаи иҷтимоии ифротгароиро маҳдуд месозанд.
Дар ин раванд ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои илмӣ, сохторҳои динӣ ва воситаҳои ахбори омма аҳамияти калидӣ дорад. Ташаккули ҷаҳонбинии таҳаммулпазир, эҳтиром ба гуногунандешӣ ва фарҳанги муколама бояд аз муҳити оила ва муассисаҳои таълимӣ оғоз гардад. Маориф дар шароити муосир на танҳо интиқоли дониш, балки тарбияи шаҳрвандони дорои масъулияти иҷтимоӣ ва қобилияти арзёбии интиқодии равандҳои сиёсиву иттилоотиро дар назар дорад. Ҷавоне, ки дорои дониши муосир, ҷаҳонбинии васеъ ва худшиносии миллӣ мебошад, камтар ба доми таблиғоти ифротӣ меафтад.
Ҳамзамон, таъмини шароити мусоиди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ яке аз унсурҳои муҳими сиёсати пешгирикунанда ба ҳисоб меравад. Шуғли устувор, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, имкониятҳои рушди касбӣ ва иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ муҳити мусоидро барои худтатбиқкунӣ фароҳам месозанд ва эҳсоси канорагириро коҳиш медиҳанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар фазои холигии иҷтимоӣ ва маънавӣ мафкураҳои радикалӣ осонтар реша мегиранд. Бинобар ин, сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ дар асл сармоягузорӣ ба амнияти миллӣ мебошад.
Мувофиқи қатъномаи 77/243 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 12 феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии пешгирии ифротгароии хушунатомез, ки заминаи мусоид барои терроризм фароҳам меорад, эълон гардидааст ва ин иқдом ба таҳкими сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба таҳдидҳои идеологие равона шудааст, ки метавонанд ба зуҳуроти террористӣ сабаб гарданд. Ташаббуси мазкур бар он асос меёбад, ки мубориза бо терроризм бояд на танҳо дар марҳилаи вокуниши ҷиноятӣ, балки пеш аз ҳама дар сатҳи пешгирии радикализатсия, бартарафсозии омилҳои тавлидкунандаи ифротгароӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ амалӣ карда шавад. Маҷмааи Умумӣ таъкид намудааст, ки масъулияти асосӣ дар самти муқовимат ба чунин таҳдидҳо бар дӯши давлатҳо қарор дорад, аммо нақши созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои илмӣ, роҳбарони динӣ ва воситаҳои ахбори омма низ калидӣ мебошад. Эътирофи ин рӯз ҳамчун санаи рамзӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба он даъват менамояд, ки масъалаи ифротгароии хушунатомезро дар доираи сиёсати мутавозин, бо эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва бо такя ба принсипҳои волоияти қонун баррасӣ намояд, зеро танҳо тавассути таҳкими ҳамбастагии байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба ва татбиқи чораҳои комплексии пешгирикунанда метавон заминаҳои идеологӣ ва иҷтимоии терроризмро маҳдуд сохт ва амнияти устувори ҷаҳони муосирро таъмин кард.
Пешгирии ифротгароии хушунатомез бояд ҳамчун стратегияи дарозмуддати миллӣ дарк карда шавад, ки ҳадафи он ташаккули муҳити устувори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии муқовимат ба идеологияҳои харобиовар мебошад. Ин стратегия танҳо дар сурати ҳамбастагии давлат ва ҷомеа, таҳкими қонуният, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва рушди тафаккури интиқодӣ натиҷаи устувор хоҳад дод. Ояндаи амни Тоҷикистон аз сатҳи худогоҳии шаҳрвандон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва устувории пояҳои ҳуқуқбунёди давлат вобаста аст. Маҳз дар ҳамин замина метавон кафолат дод, ки ҷомеаи мо ба ҳар гуна таҳдиди идеологӣ бо хирад, масъулият ва иродаи устувори шаҳрвандӣ посух хоҳад дод.
Прокурори шаҳри Душанбе,
мушовири давлатии адлияи
дараҷаи 3 Абдураҳмонзода М.С.