Таҷлили 33-юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 феврали соли 2026 дар прокуратураи шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомоти прокуратураи шаҳр ба муносибати “Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

             Дар чорабинӣ иброз гардид, ки 23 феврал дар таърихи давлатӣ соҳибистиқлоли мо на танҳо ҳамчун санаи таъсиси Артиши миллӣ, балки ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, ҳифзи давлатдорӣ ва таъмини амнияти миллӣ мақоми махсус дорад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як нерӯи устувор ва боэътимод табдил ёфтанд, ки имрӯз амнияти давлат, суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеаро таъмин менамояд.

             Дар ин раванд нақши Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ташаккул ва таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, боло бурдани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва таҳкими руҳияи ватандӯстӣ басо назаррас мебошад. Зери сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои миллат Артиши миллӣ аз марҳалаҳои душвор гузашта, имрӯз ба як сохтори касбӣ ва мутамаддин табдил ёфтааст.

амчун кишвари ягонаи

Дар анҷоми чорабинӣ роҳбарияти прокуратураи шаҳр бо эҳсоси ифтихор ва арҷгузорӣ ҳамаи кормандонро ба муносибати “Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” муборакбод намуданд.