5 марти соли 2026 дар прокуратураи шаҳри Душанбе маҷлиси навбатии ҳайати мушовара баргузор гардид, ки дар он масъалаи муҳими риоя ва иҷрои талаботҳои қонунгузории замин ва ҳолати иҷрои воқеии санадҳои эътиноиипрокурорӣ оид ба бартараф намудани иншооти ғайриқонунӣ ва худсарона сохташуда дар ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе давоми солҳои 2024-2025 мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд

5 марти соли 2026 дар прокуратураи шаҳри Душанбе маҷлиси навбатии ҳайати мушовара баргузор гардид, ки дар он масъалаи муҳими риоя ва иҷрои талаботҳои қонунгузории замин ва ҳолати иҷрои воқеии санадҳои эътиноии прокурорӣ оид ба бартараф намудани иншооти ғайриқонунӣ ва худсарона сохташуда дар ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе давоми солҳои 2024-2025 мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.
Зимни маҷлис таъкид гардид, ки масъалаи истифодаи оқилона ва самараноки замин, пешгирии ишғоли худсаронаи он ва бартараф намудани сохтмонҳои ғайриқонунӣ яке аз самтҳои муҳими фаоълият ба ҳисоб рафта, таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.
Қайд карда шуд, ки замин тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, истифодаи самараноки он ба манфиати ҷомеа ва шаҳрвандон бояд таъмин карда шавад. Бо вуҷуди ин, натиҷаҳои санҷишҳои прокурорӣ нишон доданд, ки дар фаъолияти баъзе мақомоти масъул ҳанӯз ҳам камбудиҳо ҷой дошта, ҳолатҳои иҷро нагардидан ё қисман иҷро гардидани санадҳои эътиноии прокурорӣ, инчунин такроран бунёд гардидани сохтмонҳои худсарона дар қитъаҳои замини қаблан ба ҳолати аввала баргардонидашуда ба назар мерасанд.
Дар ҷараёни муҳокима сабабу омилҳои ба такроран содир гардидани қонунвайронкуниҳо мусоидаткунанда мавриди таҳлил қарор дода шуданд. Инчунин фаъолияти комиссияҳои доимоамалкунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, кумитаи идораи замин ва дигар сохторҳои дахлдор дар самти пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳои соҳаи замин мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар маҷлис таъкид гардид, ки назорати минбаъда аз болои қитъаҳои замини қаблан аз сохтмонҳои ғайриқонунӣ бартарафшуда бояд ба таври мунтазам ба роҳ монда шуда, фаъолияти комиссияҳои дахлдор ва шахсони масъул дар ин самт тақвият дода шавад. Ҳамзамон масъалаи пурзӯр намудани ҳамкории амалӣ байни мақомоти прокуратура, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кумитаи идораи замин, мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои дахлдор ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои ишғоли худсаронаи замин ва сохтмонҳои ғайриқонунӣ матраҳ гардид.
Дар анҷоми муҳокима аз ҷониби ҳайати мушовара қарори дахлдор қабул гардида, ба мақомоти масъул ва прокуророни ноҳияҳои шаҳри Душанбе супориш дода шуд, ки назорати иҷрои қонунгузории замин ва иҷрои воқеии санадҳои эътиноии прокурориро пурзӯр намуда, барои пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар ин самт чораҳои иловагӣ андешанд.
Прокуратураи шаҳри Душанбе минбаъд низ иҷрои талаботҳои қонунгузории замин, пешгирии ишғоли худсаронаи қитъаҳои замин ва бартараф намудани сохтмонҳои ғайриқонуниро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои давлат ва таъмини волоияти қонун тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.