Маҷлиси тантанавиро прокурори шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода М.С. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати иди касбӣ самимона табрик гуфт. Қайд гардид, ки Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура барои ҳар як корманди соҳа рамзи эҳтиром ба қонун, садоқат ба хизмати давлатӣ ва масъулияти баланд дар назди ҷомеа мебошад.
Дар суханронии худ Абдураҳмонзода М.С. таъкид намуд, ки мақомоти прокуратура дар низоми давлатдорӣ яке аз ниҳодҳои муҳими таъмини волоияти қонун ва ҳифзи адолат ба ҳисоб меравад. Прокуратура ҳамчун мақоми ягонаи марказонидашудаи назоратӣ вазифадор мебошад, ки иҷрои дақиқу якхелаи қонунҳоро дар тамоми ҳудуди кишвар таъмин намояд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин манфиатҳои давлат ва ҷомеаро ҳифз кунад.
Зикр гардид, ки роҳбарии мақомоти прокуратураро Прокурори генералӣ ба уҳда дошта, ба Маҷлиси миллӣ ҳисоботдиҳанда мебошад. Ин меъёрҳои конститутсионӣ мақоми мақомоти прокуратураро ҳамчун кафили волоияти қонун ва яке аз рукнҳои муҳими ҳокимияти давлатӣ муайян менамоянд.
Дар идомаи баромад таъкид карда шуд, ки таърихи ташаккули мақомоти прокуратура дар Тоҷикистон аз солҳои аввали ташкилёбии давлатдории муосири тоҷикон оғоз гардида, дар тӯли даҳсолаҳо марҳила ба марҳила рушд ёфтааст. Дар ин давра мақомоти прокуратура таҷрибаи бойи ташкилӣ ва ҳуқуқӣ андӯхта, ба яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатӣ табдил ёфтааст.
Хусусан солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ барои фаъолияти мақомоти прокуратура давраи санҷиши ҷиддӣ ба ҳисоб мерафтанд. Дар шароити мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки кишвар дар
солҳои аввали истиқлолият аз сар мегузаронд, кормандони мақомоти прокуратура дар баробари дигар мақомоти давлатӣ барои ҳифзи сохти конститутсионӣ ва таъмини қонуният фаъолияти пайваста анҷом медоданд.
Дар барқарорсозии сулҳу субот ва ҳифзи давлатдории миллӣ нақши калидиро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷро намуданд. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи роҳбарияти олии кишвар сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор гардида, барои рушди устувори давлат ва фаъолияти муназзами ҳамаи сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла мақомоти прокуратура, заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
Зикр карда шуд, ки дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе ҳамкории мақомоти прокуратура бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Ин ҳамкорӣ таҳти роҳбарӣ ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ гардида, дар самти ҳифзи манфиатҳои сокинон ва таъмини риояи қонун натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст.
Дар доираи чорабинӣ инчунин фармони прокурори шаҳри Душанбе ва иқтибос аз фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳавасмандгардонии як қатор кормандони мақомоти прокуратура қироат гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ собиқадорони мақомоти прокуратура бо эҳтироми махсус қадрдонӣ гардида, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Зикр гардид, ки таҷриба, дониш ва хизматҳои шоистаи онҳо барои тарбияи насли ҷавони кормандони мақомоти прокуратура аҳамияти калон дорад.
Дар анҷоми чорабинӣ ҳамаи кормандони мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе ва собиқадорон ба муносибати иди касбӣ табрик гуфта шуда, ба онҳо саломатии бардавом, неруи тоза, бурдбориҳои касбӣ ва комёбиҳои нав дар фаъолияти масъулиятноки давлатӣ орзу карда шуд.



