Дар чорабинӣ прокурори шаҳри Душанбе бо суханронии табрикотӣ баромад намуда, аҳамияти таърихӣ ва фарҳангии Наврӯзро ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, рамзи сулҳу дӯстӣ ва оғози зиндагии нав таъкид кард. Зикр гардид, ки Наврӯз дар фарҳанги миллӣ мавқеи хоса дошта, арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла меҳнатдӯстӣ, инсондустӣ ва ҳамдигар фаҳмиро тарғиб менамояд.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки бо ибтикоре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, имрӯз ҳамчун ҷашни ваҳдату ҳамгироии фарҳангҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Иброз гардид, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҳамасола дар пойтахт чорабиниҳои бо шукӯҳи Нарӯзӣ баргузор гардида, фазои идона ва руҳияи ҳамдиливу ваҳдат дар ҷомеа боз ҳам таҳким меёбад.
Дар рафти ҷамъомад инчунин нақши кормандони мақомаоти прокуротура дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва манфиатҳои давлат қайд гардид. Таъкид шуд, ки ҷашни Наврӯз барои кормандон ҳамчун рамзи эҳёи рӯҳияи касбӣ ва масъулияти баланд хизмат менамояд.
Дар анҷоми чорабинӣ кормандон бо ҷашни Наврӯз табрик гардида, ба онҳо саломатӣ, комёбиҳо дар фаъолияти хизмматӣ ва рӯзгори обод орзу карда шуд.
Прокуратураи шаҳри Душанбе

















