Дар маҷлис натиҷаҳои фаъолияти мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе дар семоҳаи аввали соли 2026 мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуда, масъалаҳои таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ муҳокима гардиданд.
Қайд карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ мақомоти прокуратураи шаҳр фаъолияти худро ба ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеа, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин таҳкими адолати иҷтимоӣ равона намуда, дар як қатор самтҳо натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд. Аз ҷумла, дар натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ шумораи зиёди санадҳои эътиноии прокурорӣ бароварда шуда, ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Ҳамзамон, шумораи муайяни парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла дорои хусусияти коррупсионӣ, оғоз гардида, маблағҳои зиёди зарар ба манфиати давлат ва шаҳрвандон барқарор карда шуданд.
Бо вуҷуди ин, дар маҷлис зикр гардид, ки дар фаъолияти баъзе сохторҳо ва кормандон камбудиҳои алоҳида, аз ҷумла дар самти назорати иҷрои санадҳои эътиноии прокурорӣ, назорати соҳаҳои замин, энергетика, андоз ва муқовимат ба коррупсия ҷой доранд. Ҳамчунин, ба масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, таълимоти ғайриқонунии динӣ, тамоюли бегонапарастӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти назорати прокурорӣ диққати махсус дода шуд.
Дар ҷараёни маҷлис ба прокурори ноҳияҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, пурзӯр намудани назорати прокурорӣ, баланд бардоштани сатҳи масъулият, беҳтар намудани сифати фаъолияти таҳлилӣ ва таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати санадҳои эътиноии прокурорӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҳар як корманди мақомоти прокуратура бояд бо дарки баланди масъулияти касбӣ, эҳтиром ба
қонун ва садоқат ба Ватан фаъолияти худро ба роҳ монда, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таҳкими қонуният саҳми арзандаи худро гузорад.
Дар фарҷом фаъолияти мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе дар семоҳаи аввали соли 2026 дар маҷмӯъ қаноатбахш арзёбӣ гардида, вазифаҳои афзалиятнок барои давраи минбаъда муайян карда шуданд.
Прокуратураи шаҳри Душанбе


