Наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, ки дар он эҳтимолан муносибати номатлуб нисбат ба кӯдаки хурдсол аз ҷониби мураббӣ инъикос ёфтааст.
Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки ҳодисаи мазкур санаи 7-уми майи соли ҷорӣ дар Муассисаи таълимии томактабии №12-и ноҳияи И.Сомонӣ рух додааст.
Вобаста ба ин ҳодиса аз ҷониби прокуратураи шаҳри Душанбе нисбати мураббӣ ва дигар шахсони масъули муассисаи мазкур санҷиш оғоз гардидааст. Пас аз анҷоми санҷиш ба кирдорҳои шахсони дар навор инъикосёфта, инчунин ба амал ё беамалии роҳбарияти муассисаи мазкур баҳои ҳуқуқӣ дода шуда, тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори мурофиавӣ қабул карда мешавад.