ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ ИСТИҚЛОЛ, СУБОТ ВА РУШДИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН

(Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ)

Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамчун яке аз муқаддастарин ҷашнҳои давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон аҳамияти бузурги сиёсӣ ва маънавӣ дошта, ин санаи таърихӣ таҷассумгари сулҳу субот, ризоияти ҷомеа, ҳамбастагии миллӣ ва оғози марҳилаи нави рушди давлатдории тоҷикон буда, аҳамияти он бо гузашти вақт боз ҳам бештар мегардад.

Таърихи миллати тоҷик гувоҳи он аст, ки дар оғози солҳои навадуми асри гузашта, пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, кишвари мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Ин фоҷиаи бузурги миллӣ боиси талафоти ҷонӣ, муҳоҷирати иҷбории садҳо ҳазор нафар шаҳрвандон, хароб гардидани иқтисодиёт ва суст шудани пояҳои давлатдорӣ гардид.

Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти таърихии роҳбарии давлатро ба зимма гирифта, аз минбари Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садоқат ва иродаи қавӣ изҳор намуда буданд:

«Ман ба шумо сулҳ меорам!»

Ин суханон на танҳо ваъдаи сиёсатмадор, балки савганди фарзанди содиқи миллат буданд, ки тамоми фаъолияти минбаъдаи худро ба хотири сулҳу субот, ваҳдат ва эҳёи давлатдории миллӣ равона намуданд.

Пешвои миллат бо азму иродаи устувор, сиёсати хирадмандона ва талошҳои шабонарӯзӣ тавонистанд ҷонибҳои мухолифро сари мизи музокирот оваранд ва барои барқарор намудани сулҳу оштӣ дар ҷомеа заминаи воқеӣ фароҳам созанд. Ниҳоят, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки он оғози марҳилаи нави рушди давлатдории тоҷикон гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд:

«Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарини халқи Тоҷикистон ва неъмати бебаҳоест, ки онро бояд ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.»

Имрӯз, баъд аз гузашти даҳсолаҳо, ҳақиқати ин суханон беш аз пеш равшан мегардад. Маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдат Тоҷикистон аз кишвари гирифтори низоъ ба давлати орому босубот табдил ёфта, дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Дар роҳи ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти прокуратура, саҳм гузоштаанд. Дар солҳои душвори барқарорсозии сохти конститутсионӣ кормандони мақомоти прокуратура дар як саф бо дигар сохторҳои давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифаи муқаддаси худро содиқона иҷро намуда, барои таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ фаъолияти шабонарӯзӣ анҷом доданд.

Мақомоти прокуратура имрӯз низ вазифаи худро дар самти ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеа, таъмини риояи қонунҳо, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таҳкими суботу амнияти кишвар бо масъулияти баланд иҷро менамоянд. Ҳифзи сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ҳамеша яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти прокуратура боқӣ мемонад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишвар табдил ёфт. Дар ин раванд саҳми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ назаррас мебошад. Таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт корҳои ободониву созандагӣ вусъати бесобиқа пайдо намуда, садҳо иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маорифу тандурустӣ ва варзишӣ бунёд гардидаанд.

Тадбирҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, рушди инфрасохтор, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ идомаи мантиқии сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат мебошанд. Имрӯз Душанбе ҳамчун шаҳри сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар арсаи байналмилалӣ низ мақоми арзанда касб намудааст.

Ваҳдати миллӣ танҳо дастоварди сиёсии халқи тоҷик набуда, он мактаби бузурги худшиносӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳифзи ваҳдат, таҳкими суботи сиёсӣ ва таъмини амнияти миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар маҳсуб меёбад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:

«Танҳо дар сурати ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстиву ҳамбастагӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ метавонем давлату миллати худро боз ҳам неруманд гардонем.»

Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими сулҳу субот, эҳтироми қонун ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ саҳми худро гузорем.

Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамаи сокинони шарафманди пойтахт ва тамоми мардуми Тоҷикистони азизро самимона табрик намуда, ба ҳар як хонадони кишвар сулҳу сафо, тандурустӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори обод орзу менамоем.

Бигзор Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузургтарини даврони соҳибистиқлолӣ ҷовидона пойдор бошад ва Тоҷикистони маҳбуби мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи рушду шукуфоӣ ва пешрафти худро бо қадамҳои устувор идома диҳад.

Прокурори шаҳри Душанбе

Абдураҳмонзода М.С.