ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИИСТИҚЛОЛ, СУБОТ ВАРУШДИ ДАВЛАТИТОҶИКОН

Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамчун яке азмуқаддастарин ҷашнҳои давлатӣ бароимардуми Тоҷикистон аҳамияти бузурги сиёсӣва маънавӣ дошта, ин санаи таърихӣтаҷассумгари сулҳу субот, ризоияти ҷомеа, ҳамбастагии миллӣ ва оғози марҳилаи навирушди давлатдории тоҷикон буда, аҳамиятион бо гузашти вақт боз ҳам бештар мегардад.

Таърихи миллати тоҷик гувоҳи он аст, кидар оғози солҳои навадуми асри гузашта, пасаз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, кишвари мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣкашида шуд. Ин фоҷиаи бузурги миллӣбоиси талафоти ҷонӣ, муҳоҷирати иҷбориисадҳо ҳазор нафар шаҳрвандон, харобгардидани иқтисодиёт ва суст шудани пояҳоидавлатдорӣ гардид.

Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассосусарнавиштсоз фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонмасъулияти таърихии роҳбарии давлатро базимма гирифта, аз минбари Иҷлосияитаърихии XVI-уми Шӯрои Олии ҶумҳурииТоҷикистон бо садоқат ва иродаи қавӣ изҳорнамуда буданд:

«Ман ба шумо сулҳ меорам!»

Ин суханон на танҳо ваъдаи сиёсатмадор, балки савганди фарзанди содиқи миллатбуданд, ки тамоми фаъолияти минбаъдаихудро ба хотири сулҳу субот, ваҳдат ва эҳёидавлатдории миллӣ равона намуданд.

Пешвои миллат бо азму иродаи устувор, сиёсати хирадмандона ва талошҳоишабонарӯзӣ тавонистанд ҷонибҳоимухолифро сари мизи музокирот оваранд вабарои барқарор намудани сулҳу оштӣ дарҷомеа заминаи воқеӣ фароҳам созанд. Ниҳоят, 27 июни соли 1997 дар шаҳриМосква Созишномаи умумии истиқрори сулҳва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки оноғози марҳилаи нави рушди давлатдориитоҷикон гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкиднамудаанд:

«Ваҳдати миллӣ дастовардибузургтарини халқи Тоҷикистон ванеъмати бебаҳоестки онро бояд ҳамчунгавҳараки чашм ҳифз намоем.»

Имрӯз, баъд аз гузашти даҳсолаҳо, ҳақиқати ин суханон беш аз пеш равшанмегардад. Маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдатТоҷикистон аз кишвари гирифтори низоъ бадавлати орому босубот табдил ёфта, дартамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа бадастовардҳои назаррас ноил гардид.

Дар роҳи ҳифзи сулҳу субот ва таҳкимипояҳои давлатдорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, азҷумла мақомоти прокуратура, саҳмгузоштаанд. Дар солҳои душворибарқарорсозии сохти конститутсионӣкормандони мақомоти прокуратура дар яксаф бо дигар сохторҳои давлатӣ ва мақомотиҳифзи ҳуқуқ вазифаи муқаддаси худросодиқона иҷро намуда, барои таъминиволоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳоишаҳрвандон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣва таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ фаъолиятишабонарӯзӣ анҷом доданд.

Мақомоти прокуратура имрӯз низвазифаи худро дар самти ҳифзи манфиатҳоидавлат ва ҷомеа, таъмини риояи қонунҳо, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таҳкимисуботу амнияти кишвар бо масъулиятибаланд иҷро менамоянд. Ҳифзи сулҳу суботва Ваҳдати миллӣ ҳамеша яке аз самтҳоиафзалиятноки фаъолияти мақомотипрокуратура боқӣ мемонад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳриДушанбе ҳамчун пойтахти ҶумҳурииТоҷикистон ба маркази бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишвартабдил ёфт. Дар ин раванд саҳми Раисишаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣназаррас мебошад. Таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт корҳоиободониву созандагӣ вусъати бесобиқа пайдонамуда, садҳо иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маорифу тандурустӣ ва варзишӣ бунёдгардидаанд.

Тадбирҳои мунтазам оид ба беҳтарнамудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, рушди инфрасохтор, фароҳам оварданиҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштанифарҳанги шаҳрнишинӣ идомаи мантиқиисиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвоимиллат мебошанд. Имрӯз Душанбе ҳамчуншаҳри сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дарарсаи байналмилалӣ низ мақоми арзандакасб намудааст.

Ваҳдати миллӣ танҳо дастоварди сиёсии халқи тоҷик набуда, он мактаби бузургихудшиносӣ, ватандӯстӣ ва масъулиятишаҳрвандӣ мебошад. Дар шароитимураккаби ҷаҳони муосир ҳифзи ваҳдат, таҳкими суботи сиёсӣ ва таъмини амниятимиллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвармаҳсуб меёбад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:

«Танҳо дар сурати ваҳдатуҳамдигарфаҳмӣдӯстиву ҳамбастагӣ ваэҳтироми арзишҳои миллӣ метавонемдавлату миллати худро боз ҳам нерумандгардонем.»

Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, кибарои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими сулҳу субот, эҳтироми қонун ватарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣва ифтихори миллӣ саҳми худро гузорем.

Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамаисокинони шарафманди пойтахт ва тамомимардуми Тоҷикистони азизро самимонатабрик намуда, ба ҳар як хонадони кишварсулҳу сафо, тандурустӣ, хушбахтӣ ва рӯзгориобод орзу менамоем.

Бигзор Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастовардибузургтарини даврони соҳибистиқлолӣҷовидона пойдор бошад ва Тоҷикистонимаҳбуби мо таҳти роҳбарии хирадмандонаиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвоимиллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи рушдушукуфоӣ ва пешрафти худро бо қадамҳоиустувор идома диҳад.

Прокурори шаҳри Душанбе

Абдураҳмонзода М.С.