Дар прокуратураи шаҳри Душанбе бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони прокуратураи шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ оид ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ, нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи сулҳу субот, таъмини қонуният ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда шуд.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27 июн таҷлил мегардад, яке аз муҳимтарин санаҳои таърихии даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ба муносибати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 таҷлил карда мешавад. Маҳз ин санади сарнавиштсоз ба муқовимати шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои барқарор гардидани сулҳу субот, таҳкими ризоияти ҷомеа ва рушди минбаъдаи давлат заминаи устувор гузошт.
Дар баромадҳо таъкид карда шуд, ки таърихи навини Тоҷикистон собит намуд, ки ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагии миллӣ аз муҳимтарин арзишҳои давлатдорӣ ба шумор рафта, маҳз бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оромӣ дар кишвар таъмин гардида, барои рушду пешрафти ҳамаҷонибаи ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти кишвар имрӯз ба як шаҳри ободу пешрафта табдил ёфта, дар он фазои сулҳу оромӣ, қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ таъмин гардидааст. Таҷдиду бунёди иншооти иҷтимоӣ, рушди инфрасохтор, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ аз ҷумлаи дастовардҳое мебошанд, ки дар фазои сулҳу ваҳдат амалӣ гардида,
ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони пойтахт мусоидат менамоянд.
Иштирокдорони чорабинӣ иброз доштанд, ки ҳифз ва таҳкими дастовардҳои Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва арзишҳои Истиқлоли давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст буда, кормандони мақомоти прокуратура низ минбаъд фаъолияти худро баҳри таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҷомеа бо масъулияти баланд идома хоҳанд дод.
Дар фарҷоми чорабинӣ прокурори шаҳри Душанбе кормандони прокуратураро ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда, ба онҳо дар иҷрои рисолати пуршарафу масъулиятноки хизматӣ, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва саҳмгузорӣ дар рушду ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол комёбиҳои нав ва дастовардҳои арзандаро орзу намуд.
Прокуратураи шаҳри Душанбе


