03 июли соли 2026 дар прокуратураи шаҳри Душанбе маҷлиси ҳайати мушовара бо иштироки муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Хайриддин Шарифҷон, кормандони прокуратураи шаҳр, прокурори ноҳияҳои пойтахт ва кормандони онҳо баргузор гардид.

03 июли соли 2026 дар прокуратураи шаҳри Душанбе маҷлиси ҳайати мушовара бо иштироки муовини Прокурори генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Хайриддин Шарифҷон, кормандони прокуратураи шаҳр, прокурори ноҳияҳои пойтахт ва кормандони онҳо баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҳайати мушовара натиҷаҳои фаъолияти прокуратураи шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2026 мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, инчунин рафти иҷрои талаботи Фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон №30 аз 15 феврали соли 2016 «Дар бораи пурзӯр намудани назорати прокурорӣ оид ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷараёни пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва ба амал баровардани адолати судӣ» ҷамъбаст карда шуд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлату ҷомеа, инчунин тақвияти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мавриди муҳокимаи муфассал қарор гирифтанд.

Қайд гардид, ки прокуратураи шаҳри Душанбе дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро ба татбиқи самараноки вазифаҳои конститутсионӣ ва қонунӣ равона намуда, дар самтҳои асосии фаъолияти прокурорӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷумла, дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои прокурорӣ шумораи зиёди санадҳои эътиноии прокурорӣ қабул гардида, ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда, инчунин сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда тадбирҳои мушаххаси ҳуқуқӣ андешида шуданд.

Ҳамзамон, дар натиҷаи фаъолияти назоратӣ як қатор парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла вобаста ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта оғоз гардида, маблағҳои зиёди зарари ба давлат ва шаҳрвандон расонидашуда барқарор карда шуданд.

Инчунин, масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, муқовимат ба таълимоти ғайриқонунии динӣ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти назорати прокурорӣ, таҳкими интизоми хизматӣ ва беҳтар намудани сифати фаъолияти таҳлилӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, оид ба онҳо вазифаҳои мушаххас муайян карда шуданд.

Дар рафти ҷаласа ба прокурори ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони воҳидҳои сохтории прокуратураи шаҳр ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, пурзӯр намудани назорати прокурорӣ, баланд бардоштани сатҳи масъулияти хизматӣ, беҳтар намудани сифати фаъолияти таҳлилӣ ва таъмини иҷрои саривақтӣ, пурра ва босифати санадҳои эътиноии прокурорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Таъкид карда шуд, ки ҳар як корманди мақомоти прокуратура бояд фаъолияти худро бо эҳсоси баланди масъулияти касбӣ, садоқат ба давлату миллат, эҳтироми бечунучаро ба қонун ва принсипҳои адолат ба роҳ монда, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ саҳми арзандаи худро гузорад.

Дар фарҷоми ҷаласа фаъолияти прокуратураи шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2026 баҳогузорӣ гардида, самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти прокуратура барои давраи минбаъда муайян ва ҷиҳати иҷрои онҳо ба масъулин супоришҳои дахлдор дода шуданд.

Прокуратураи шаҳри Душанбе