Риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ ҳатмист.

Аммо на ҳамаи масъулони ширкатҳои сохтмонӣ ин талаботро пурра риоя мекунанд. Дар натиҷа, баъзе кормандон ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ аз биноҳои баландошёна афтида, ҷароҳатҳои вазнин бардошта, ҳатто ба ҳалокат мерасанд.
Аз ҷумла, санаи 24 июни соли 2026 шаҳрванд Қосимов Имомалӣ ҳангоми насби чароғҳои равшанидиҳии берунии бино, бар асари риоя нагардидани талаботи техникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, аз ошёнаи 13-уми бино ба замин афтида, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Зимни санҷиш аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Душанбе муайян гардид, ки роҳбари ташкилоти сохтмонӣ Самиев Султон ва муҳандиси техникаи бехатарӣ Самадов Абдумавлон марҳумро бе бастани шартномаи меҳнатӣ, бе муайян намудани дараҷаи тахассуснокӣ ва бе иҷозатномаи махсус барои иҷрои корҳои кӯҳнавардӣ (алпинистӣ) ба кор ҷалб намудаанд. Тибқи талаботи қонунгузории меҳнат, корфармо вазифадор аст пеш аз ба корҳои хавфнок ҷалб намудани корманд, тахассус, омодагии касбӣ ва мавҷудияти иҷозатномаи махсуси ӯро санҷида, риояи талаботи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатариро таъмин намояд.
Вобаста ба ин ҳолат нисбати Самиев С. ва Самадов А. тибқи моддаи 154 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, нисбати онҳо чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан татбиқ шудааст.
Аз ҳамаи соҳибкорон, фармоишгарон ва роҳбарони ташкилотҳои сохтмонӣ даъват карда мешавад, ки ҳангоми анҷом додани корҳои сохтмонӣ талаботи қонунгузорӣ, қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнатро қатъиян риоя намуда, танҳо шахсони соҳибихтисосро ба иҷрои корҳои дорои хавфи баланд ҷалб намоянд.