ВАЙРОН НАМУДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Дар натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ оид ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда шуд, ки шаҳрванд Кенҷаев Ҳ. бар хилофи талаботи моддаи 12-и Қонуни мазкур амал намуда, тартиби муқарраргардидаи гузаронидани маросими тӯйи домодию арӯсиро риоя накардааст.
Аз ҷумла, муайян гардид, ки номбурда санаи 22 июли соли 2026 маросими тӯйи домодию арӯсии худро дар тарабхонаи «Яккасарой», воқеъ дар кӯчаи С. Шерозӣ 22/2-и ноҳияи Фирдавсӣ баргузор намуда, барои 204 нафар меҳмон зиёфат ороста, инчунин маъракаи саршӯён ташкил ва баргузор намудааст, ки ба талаботи қонунгузории амалкунанда мухолифат менамояд.
Мутобиқи талаботи моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тӯйи домодию арӯсӣ бо гузаронидани на зиёда аз ду маърака ва дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ баргузор гардида, оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб иҷозат дода мешавад.
Ҳамзамон, тибқи талаботи ҳамин моддаи қонун, ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафҳо ва хешу табори домоду арӯс, инчунин дигар маъракаҳои вобаста ба тӯйи домодию арӯсӣ, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо, манъ мебошад.
Бо назардошти ҳолатҳои ошкоргардида, санаи 24 июли соли 2026 нисбат ба шаҳрванд Кенҷаев Ҳ. бо аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии пешбининамудаи моддаи 481 қисми 3-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Прокуратураи шаҳри Душанбе бори дигар таваҷҷуҳи шаҳрвандонро ба зарурати риояи ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷалб намуда, таъкид менамояд, ки иҷрои меъёрҳои қонун ба ҳифзи манфиатҳои иҷтимоӣ, пешгирии хароҷоти зиёдатӣ ва таҳкими фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа мусоидат менамояд. Риоя накардани талаботи қонунгузорӣ боиси татбиқи чораҳои пешбининамудаи қонун мегардад.