«Сулҳу оромӣ неъмати бебаҳои миллат, асоси зиндагии шоиста ва муҳимтарин шарти рушди устувори давлат мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ ҳамчун арзишҳои муқаддас ва сарнавиштсоз ҷойгоҳи хоса доранд. Агар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои мардуми тоҷик давраи бисёр ҳассос ва пурпечутоб бошад, имрӯз Тоҷикистон ба кишвари сулҳпарвар, амн, рӯ ба рушд ва ташаббускори масъалаҳои муҳими байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин дастоварди бузург маҳсули сиёсати хирадмандона, дипломатияи созанда ва фаъолияти пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» боз як дастоварди бузурги сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҷрибаи сулҳофарини давлати тоҷикон мебошад. Ин қатънома собит сохт, ки таҷрибаи Тоҷикистон дар роҳи барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ танҳо арзиши дохилӣ надорад, балки метавонад ҳамчун намунаи муваффақ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хизмат намояд.
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 ба даст омад, барои миллати тоҷик саҳифаи нави таърихро оғоз намуд. Дар баробари ин, солҳои аввали истиқлолият кишвар ба буҳрони сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид, ки ба иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва зиндагии мардум зарари ҷиддӣ расонид. Дар чунин шароити мураккаб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ роҳбарии давлатро ба уҳда гирифта, масъалаи асосии давлатро дар барқарор намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ масъалаи асосӣ донистанд.
Маҳз талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат боис гардиданд, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Аз ҳамон рӯз Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди давлатдорӣ ворид гардид. Ин сана дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун оғози эҳёи миллӣ ва бунёди ҷомеаи орому пешрафта бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.
Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намудаанд:
«Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва муқаддастарини миллат мебошад ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.»
Имрӯз натиҷаи он сиёсати сулҳҷӯёна дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа баръало мушоҳида мегардад. Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот зиндагӣ намуда, мардуми кишвар озодона меҳнат мекунанд, фарзандон дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил менамоянд, соҳибкорон фаъолият доранд, фарҳанг рушд мекунад, иқтисоди миллӣ сол аз сол тақвият меёбад ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон пайваста меафзояд.
Дар меҳвари давлатдории муосири Тоҷикистон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Конститутсия асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва волоияти қонунро муайян менамояд.
Дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст:
«Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.»
Ин меъёр асоси тамоми сиёсати ҳуқуқии давлатро ташкил дода, ҳамаи мақомоти давлатӣ вазифадоранд ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳифз намоянд.
Ҳамзамон, моддаи 10 Конститутсия муқаррар менамояд, ки:
«Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ бояд ба он мутобиқ бошанд.»
Ин принсип волоияти қонунро ҳамчун пояи асосии давлатдории демократӣ таъмин менамояд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ садҳо қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки тамоми муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекунанд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои иқтисод, соҳибкорӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, амният, ҳифзи иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, мубориза бар зидди коррупсия, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, танзими анъана ва дигар бахшҳои муҳими ҷомеа такмил ёфтааст.
Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ пайваста дар роҳи такмили низоми ҳуқуқии худ қадамҳои устувор мегузорад.
Дар татбиқи волоияти қонун мақомоти прокуратура мақоми махсус дорад. Тибқи моддаи 93 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокуратура назорати иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳоро дар ҳудуди ҷумҳурӣ амалӣ менамояд. Ин меъёри конститутсионӣ шаҳодат медиҳад, ки мақомоти прокуратура яке аз кафилони асосии қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа мебошад.
Бо фаъолияти мақомоти прокуратура волоияти қонун, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлат таъмин гардида, эътимоди шаҳрвандон ба қонун ва адолат тақвият меёбад.
Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва сулҳпарвар эътироф шудааст. Ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим, рушди устувор ва таҳкими сулҳ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид борҳо дастгирӣ гардидаанд.
Қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» далели равшани он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳофарини Тоҷикистонро намунаи арзишманд мешуморад. Ин ташаббус танҳо барои Тоҷикистон набуда, ба манфиати тамоми башарият равона гардидааст. Дар шароите, ки ҷаҳон бо низоъҳо, терроризм, экстремизм ва таҳдидҳои нав рӯбарӯст, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Бешубҳа, таҷрибаи сулҳофарини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз метавонад барои бисёр давлатҳои ҷаҳон намунаи ибрат бошад. Маҳз сиёсати хирадмандона, таҳаммулпазирӣ, муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ тавонист миллатро муттаҳид созад ва давлати навини тоҷиконро ба роҳи рушди устувор ҳидоят намояд.
Дар баробари сиёсати созандаи Пешвои миллат, дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тадбирҳои густурдаи ободониву созандагӣ амалӣ гардида, пойтахт сол аз сол симои нав касб менамояд. Имрӯз Душанбе ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмии кишвар ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи минтақа табдил ёфта, бо инфрасохтори муосир, кӯчаву хиёбонҳои ободу зебо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, муассисаҳои нави иҷтимоӣ ва муҳити мусоиди зиндагӣ диққати меҳмонону сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамояд.
Татбиқи пайвастаи барномаҳои рушди пойтахт, беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ, бунёди роҳҳо, пулҳо, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва иншооти муҳими иҷтимоӣ, инчунин вусъати корҳои кабудизоркунӣ ва ободонӣ шаҳодати сиёсати самараноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад. Ин тадбирҳо на танҳо ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат менамоянд, балки барои таҳкими обрӯи байналмилалии пойтахти Тоҷикистон низ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Имрӯз шаҳри Душанбе ҳамчун шаҳри сулҳу ваҳдат, ташаббусҳои байналмилалӣ ва муколамаи созанда, мунтазам мизбони чорабиниҳои сатҳи баланд, форумҳои байналмилалӣ ва ҳамоишҳои бонуфуз мебошад. Ин ҳама бозгӯи он аст, ки сиёсати созандаи роҳбарияти олии мамлакат ва фаъолияти босамари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои рушди устувори пойтахт, таҳкими нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғиби арзишҳои сулҳу субот дар арсаи ҷаҳонӣ натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст.
Ҳамаи ин пеш аз ҳама самараи сулҳу субот ва сиёсати созандаи роҳбарияти давлат мебошад. Агар сулҳ намебуд, чунин пешрафт, ободонӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ низ имконнопазир буд.
Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд:
«Мо бояд сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.»
Ин суханон имрӯз барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун дастури зиндагӣ хизмат мекунанд.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон аз файзи истиқлолият, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ шукргузорӣ намуда, дар рушди давлат саҳми арзандаи худро мегузоранд. Коргар, деҳқон, омӯзгор, табиб, соҳибкор, хизматчии давлатӣ, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар як шаҳрванди ватандӯст дар таҳкими давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа саҳмгузор мебошад.
Дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ маҳз дар натиҷаи сулҳу субот, волоияти қонун ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба даст омадаанд. Имрӯз Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ буда, дар арсаи байналмилалӣ обрӯву нуфузи баланд дорад.
Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» на танҳо пирӯзии дипломатияи тоҷик, балки эътирофи ҷаҳонии таҷрибаи сулҳофарини Тоҷикистон мебошад. Ин ҳуҷҷати муҳими байналмилалӣ бори дигар нишон дод, ки сулҳ бузургтарин арзиши инсоният аст ва Тоҷикистон дар таҳкими он нақши арзанда дорад.
Вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон имрӯз аз он иборат аст, ки истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва арзишҳои конститутсиониро ҳифз намуда, барои ободии Ватани азиз содиқона хизмат намояд. Зеро танҳо дар фазои сулҳу оромӣ давлат пеш меравад, ҷомеа рушд мекунад ва наслҳои оянда дар муҳити амну осоишта зиндагӣ хоҳанд кард.
Шукронаи истиқлол, шукронаи сулҳу ваҳдат, шукронаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободу пешрафта!
Прокурори шаҳри Душанбе
Абдураҳмонзода М.С.