Баргузории ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе

20 августи соли 2026 ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, масъулини соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна, имомхатибони масҷидҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Ҷаласа дар партави сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба таъмини волоияти қонун, ҳифзи амнияти миллӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ ва динӣ, инчунин тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ равона гардидааст, баргузор шуд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт барои таҳкими суботу оромӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии омилҳои номатлуб ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди маънавию иҷтимоии ҷомеа тадбирҳои муассир амалӣ карда мешаванд.
Дар ҷаласа натиҷаи санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», сабабу омилҳои содиршавии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ вобаста ба таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ҷалби шаҳрвандон, бахусус ноболиғону ҷавонон, ба чунин фаъолият дар ҳудуди шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Вобаста ба масъалаи мазкур аъзои шуро, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, генерал-майор Самадзода Талаб Сафаралӣ бо маърӯза баромад намуда, вазъи иҷрои қонунгузорӣ ва натиҷаҳои корҳои анҷомдодашударо мавриди таҳлил қарор дод.
Қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин тамоми заминаҳои ҳуқуқию ташкилӣ муҳайё гардидаанд. Айни замон дар ҳудуди шаҳри Душанбе 143 иттиҳодияи динӣ, аз ҷумла 106 масҷиди панҷвақта ва 37 масҷиди ҷомеъ фаъолияти расмӣ дошта, дар доираи талаботи қонунгузории амалкунанда фаъолият менамоянд.
Дар ҷараёни муҳокима таъкид карда шуд, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ, пешгирии ифротгароӣ, ҳифзи ҷавонон аз таъсири ақидаҳои бегона ва риояи қатъии қонунгузорӣ аҳамияти махсус касб намуда, дар ин самт ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеа зарур мебошад.
Иштирокчиёни ҷаласа ба масъалаҳои пешгирии таълими ғайриқонунии динӣ, ҳифзи ҷавонон аз таъсири ақидаҳои ифротӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон ва муассисаҳои таълимӣ, инчунин таҳкими ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сохторҳои маориф, ҷавонон, занон ва оила, мақомоти маҳаллӣ ва иттиҳодияҳои динӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар натиҷаи баррасии масъала қарорҳои дахлдори Шурои ҳамоҳангсозӣ қабул гардида, маҷмӯи чораҳои иловагии ташкилию амалӣ барои таҳкими қонуният, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ муайян карда шуданд.

Прокуратураи шаҳри Душанбе