2-уми ноябри соли 2026 дар прокуратураи шаҳри Душанбе бо мақсади таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонва пешгирии ҷинояткорӣ ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе баргузоргардид.
Дар ҷаласаи Шуро ҳолати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» дар давраи соли 2025 ва 6 моҳи якуми соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифт
Ҳадафи баррасии масъалаи мазкур таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, бахусус шахсони аз зӯроварӣ ҷабрида ва ноболиғон, инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ваколатдори давлати мебошад.
Зимни баррасии ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» таъкид гардид, ки қонуни мазкур ба пешгирии зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ, иқтисодӣ ва шаҳвонӣ дар оила, ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагон ва бартараф намудани сабабу шароити ба чунин кирдорҳо мусоидаткунанда равона шудааст.
Дар ин замина, ба масъалаҳои қабулу бақайдгирии саривақтии муроҷиатҳо, ҳимояи шахсони ҷабрдида, пешгирии ҳолатҳои такрории зӯроварӣ ва дастрасии онҳо ба кӯмаки тиббӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Инчунин, риояи махфияти маълумоти шахсӣ ва муносибати ҷиддӣ ба ҳар як муроҷиат муҳим арзёбӣ гардид.
Ҳамзамон дар идомаи ҷаласа – маҷлиси ҳайати мушовараи прокуратураи шаҳри Душанбе оид ба ҳолати риоя ва татбиқи қонунгузори зимни қабул, бақайдгирӣ ва баррасии арзу хабарҳо оид ба ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ, қонунӣ ва асоснокии санадҳои судӣ дар фаъолияти мақомоти тафтишотӣ ва судҳои шаҳри Душанбе дар давраи соли 2025 ва 6 моҳи якуми соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вобаста ба ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, ки дар боби 18 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, бахшида шуд. Таъкид гардид, ки чунин ҷиноятҳо ба ҳуқуқу озодиҳои бунёдии инсон таҷовуз намуда, ошкор ва тафтиши саривақтӣ, ҳамаҷониба ва холисонаи онҳоро тақозо мекунанд.
Дар робита ба ин, ба зарурати дуруст ба қайд гирифтани хабарҳо дар бораи ҷиноят, риояи талаботи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ҷабрдидагон, бахусус ноболиғон, инчунин пешгирии ифшои маълумоте, ки метавонад ба шаъну шараф ва ҳаёти шахсии онҳо осеб расонад, аҳамияти махсус дода шуд.
Дар ҷараёти муҳокимаи масъалаҳои мазкур зарурати тақвияти ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо муассисаҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохторҳои масъул, роҳандози гардида, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва густариши корҳои фаҳмондадиҳию пешгирикунанда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.


