25 декабри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи бинои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.Дар ҷаласа натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе дар самти таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соли 2025 мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуданд.Таъкид гардид, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи […]