Санаи 22 марти соли 2026 дар бинои прокуратураи шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маводу хурокҳои миллии идона ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки кормандони мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе прокуророни ноҳияҳо ва дигар кормандон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ прокурори шаҳри Душанбе бо суханронии табрикотӣ баромад намуда, аҳамияти таърихӣ ва фарҳангии Наврӯзро ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, рамзи сулҳу дӯстӣ ва оғози зиндагии нав таъкид кард. Зикр гардид, ки Наврӯз дар фарҳанги миллӣ мавқеи хоса дошта, арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла меҳнатдӯстӣ, инсондустӣ ва ҳамдигар фаҳмиро тарғиб менамояд. Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки бо […]