Левый герб

ПРОКУРАТУРАИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

СОМОНАИ РАСМӢ
Правый герб
Таҷлили 33-юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили 33-юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 феврали соли 2026 дар прокуратураи шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомоти прокуратураи шаҳр ба муносибати “Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.              Дар чорабинӣ иброз гардид, ки 23 феврал дар таърихи давлатӣ соҳибистиқлоли мо на танҳо ҳамчун санаи таъсиси Артиши миллӣ, балки ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, ҳифзи давлатдорӣ […]

Анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ дар рафти гузаронидани шанбегӣ аз тарафи кормандони мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе

Анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ дар рафти гузаронидани шанбегӣ аз тарафи кормандони мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе

Санаи 14 феврали соли 2026 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати мусоидат намудан ба вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ аз тарафи кормандони мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Лучоби ноҳияи Сино шанбегӣ гузаронида шуда, дар рафти […]

Пешгирии ифротгароии хушунатомез ҳамчун масъалаи амнияти миллӣ, субот ва масъулияти ҷамъиятӣ

Пешгирии ифротгароии хушунатомез ҳамчун масъалаи амнияти миллӣ, субот ва масъулияти ҷамъиятӣ

Ифротгароии хушунатомез дар марҳилаи кунунии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба яке аз таҳдидҳои фарогири амнияти миллӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин падида на танҳо амали ҷиноятӣ, балки зуҳуроти мураккаби идеологӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки ба пояҳои давлатдории ҳуқуқбунёд, принсипи волоияти қонун ва кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсири манфӣ мерасонад. Ифротгароӣ дар шакли муосири худ […]

Гузаронидани чорабиниҳои таблиғотӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мегардад”

Гузаронидани чорабиниҳои таблиғотӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мегардад”

6 феврали соли 2026 дар доираи нақшаи чорабиниҳои Прокуратураи шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба “Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад” бо иштироки муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур З.Зуҳурзода, ёрдамчии калони прокурори шаҳри Душанбе Б.Сафарбекзода, мудири шуъбаи маориф А.Бобозода, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти […]

26 декабри соли 2025 дар прокуратураи шаҳри Душанбе маҷлиси ҳайати мушовараи прокуратураи шаҳри Душанбе баргузор гардид.

26 декабри соли 2025 дар прокуратураи шаҳри Душанбе маҷлиси ҳайати мушовараи прокуратураи шаҳри Душанбе баргузор гардид.

26 декабрисоли 2025 дар прокуратураи шаҳри Душанбе маҷлиси ҳайати мушовараи прокуратураи шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар кори он натиҷаи таҳлил ва ҷамъбасти фаъолияти мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе дар соли 2025 ва муайян кардани вазифаҳои минбаъдаи мақомот дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Қайд гардид, ки дар давраи […]

25 декабри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи бинои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.Дар ҷаласа натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе дар самти таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соли 2025 мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуданд.Таъкид гардид, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи […]

Аз ҷониби роҳбарияти прокуратураи шаҳри Душанбе прокурори бахши назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони прокуратураи шаҳр Бобохонзода Сафо Бобохон ҷиҳати ба даст овардани ҷойҳои дуюм ва сеюм дар чемпионати Осиё оид ба дастхобони ( армспорт),ки рӯзҳои 4-11 декабри соли 2025 дар шаҳри Дубайи Ҷумҳури Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардида буд, қадрдони карда шуд.

Табрикоти Прокурори шаҳри Душанбе, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Абдураҳмонзода М.С.

Табрикоти Прокурори шаҳри Душанбе, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Абдураҳмонзода М.С.

16 ноябр дар таърихи давлатдории навини тоҷикон, бо баргузории Иҷлосияи 16 — уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маросими савгандёдкунии Сарвари давлат дар асоси Конститутсияи Тоҷикистон санаи таърихиву сарнавиштсоз маҳсуб меёбад. Зеро, 16 ноябри соли 1992 ба мансаби Раиси Шӯрои Олӣ — Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, заминаҳои хомӯш гардидани ҷанги шаҳрвандии […]

Таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар прокуратураи шаҳри Душанбе

Таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар прокуратураи шаҳри Душанбе

 Санаи 14 ноябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият ва кормандони прокуратураи шаҳр бахшида ба ифтихори “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ қайд карда шуд, ки ҳамасола мардуми сарбаланду шукргузори тоҷик ба баргузории Иҷлосияи 16 — уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун падидаи сарнавиштсозу таърихӣ арҷгузорӣ намуда, ин рузро ҳамчун марҳилаи нави давлатдорӣ — яъне Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамоянд. Роҳбарияти прокуратураи шаҳр иброз намуданд, ки тамоми муваффақият ва музаффариятҳои Тоҷикистон дар даврони баъди баргузории Иҷлосияи 16 — уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандӣ дошта, бо ибтикор ва талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат давлатдории миллии мо аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Маҳз ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардиданд, […]